Дар доираи рақобатҳои даври ниҳоии Суперҷоми Италия, дастаҳои “Интер”-и шаҳри Милан ва “Ювентус”-и шаҳри Турин бо ҳам рақобат намуданд.
Дидори ин дастаҳо дар варзишгоҳи “Сан-Сиро”-и Милан баргузор гардид. Голи аввали ин рақобатро дар дақиқаи 25-ум ниммуҳофизатгари амрикоӣ бошгоҳи Турин Вестон Маккеннӣ ба самар расонида, “Ювентус”-ро ба пеш баровард. Қаҳрамони феълии Серия А бошгоҳи “Интер” талошҳои пайваста нишон дода, дар дақиқаи 35-ум ҳисоби бозиро аз зарбаи ҷаримавӣ 11-метра баробар намуд. Зарбаи нишонрасро ҳамлавари аргентинӣ Лаутаро Мартинес ба ҳадаф расонид. Ҳамин тариқ, қисми аввали ин дидор бо ҳисоби 1:1 ба поён расид.
Дар қисмати дуюми рақобат ҳарду дастаҳо талошҳои пайвастаи худро нишон доданд, то ки ҳисоби бозиро тағйир диҳанд. Лекин ба ҳарду даста дар қисмати дуюми ин дидор задани гол муяссар нагардид.
Қисмати асосии бозӣ бо натиҷаи 1:1 хотима ёфт. Довари марказ маҷбур шуд, ки барои муайян намудани дастаи ғолиб ду қисми 15-дақиқагӣ вақти илова эълон намояд. Дастаҳо давоми 30-дақиқаи дигар рақобат намуданд ва дар сонияҳои охири бозӣ Алексис Санчес аз партофти Дармиян истифода карда, натиҷаи бозиро 2:1 намуд.
Ҳамин тариқ, бошгоҳи “Интер”-и шаҳри Милан “Ювентус”-ро шикаст дода, қаҳрамони Суперҷоми Италия дар соли 2021 гардид.
Сорбон Амонуллозода,
радиои “Тоҷикистон”
Сорбон Амонуллозода