Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 60 оилаи омӯзгорон ва кормандонеро, ки дар хобгоҳи донишгоҳ истиқомат мекунанд, барои як сол аз пардохти маблағи хобгоҳ озод намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ба иттилои манбаъ, иқдоми мазкур дар идомаи тадбирҳо ҷиҳати пайравӣ аз сиёсати иҷтимоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ғамхорӣ нисбат ба маорифро сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлату ватан арзёбӣ намуданд, дар мувофиқа бо Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо фармоиши ректори донишгоҳ Маҳмадалӣ Қурбонзода роҳандозӣ гардид.
Гуфта мешавад, дар хобгоҳи донишгоҳ алҳол беш аз 60 оилаи омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ истиқомат доранд, ки маблағи моҳонаи иҷора 360 сомониро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар соли 2021 низ омӯзгорон ва 292 нафар донишҷӯёнеро, ки дар хобгоҳи донишгоҳ истиқомат мекунанд, аз пардохти маблағи хобгоҳ барои шашмоҳаи дуюми соли таҳсили 2020-2021 озод намуда буд.