Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз фаъол гардидани сомонаи Конфронси дуюми байналмилалӣ дар мавриди Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028, ки қарор аст 6-9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардад, хабар дод.
Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, сомонаи конфронс бо номи www.dushanbewaterprocess.org дар дастрасии умум қарор дошта, маводи он бо ду забон мебошад. Ин пойгоҳ маълумоти гуногунро дар бораи баргузорӣ, барнома ва асноди ҳамоиши байналмилалиро дарбар мегирад.
Ёдрас менамоем, ки конфронси мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон баргузор карда шуда, он ҳамчун занҷираи марказии раванди омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об 22-24 марти соли 2023 дар Ню-Йорк хоҳад буд, ки Тоҷикистон ва Нидерланд ҳамраисии онро ба уҳда доранд.