Дастаи яккачини футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар 18-умин мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд” ширкат меварзад.
Ба иттилои дафтари матбуотии Кумитаи миллии олимпии кишвар, ин мусобиқа аз 5 то 14 феврал дар шаҳри Мински Белорус баргузор гардида, барои ба даст овардани ҷом даҳ тими наврасон талош мекунанд.
Тими наврасони Тоҷикистон (U-16) дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Беларус (U-17), Қазоқистон, Озарбойҷон ва Эрон вориди рақобат хоҳанд гашт. Гуфта мешавад, ба гурӯҳи “В” тимҳои Беларус (U-16), Молдова, Баҳрайн, Ӯзбекистон ва Исроил ворид гардидаанд.
Зикр мегардад, ки мусобиқаи мазкур барои дастаи наврасони Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 маҳсуб меёбад, ки баргузории он аз 1 то 9 октябри соли равон дар назар аст.
Мусобиқаи байналмилалӣ миёни наврасон – “Ҷоми рушд-2022” дар Минск
Гурӯҳи «А»: Беларус (U-17), Қазоқистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Эрон.
Гурӯҳи «В»: Беларус (U-16), Молдова, Баҳрайн, Узбекистон, Исроил