Кумитаи олимпии Швейтсария ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) муроҷиат кардааст, ки Бозиҳои Пекин-2022-ро ба таъхир гузорад.
Дар ин бора расонаҳо хабар дода менависанд, ҷониби Швейтсария даъват кардааст, ки имкони мавқуф гузоштани Бозиҳои зимистонаи соли 2022 дар Пекин ба далели вазъи душвори эпидемиологиро баррасӣ кунад. “Мо тақрибан ҳар рӯз мешунавем, ки ҳама варзишгарони нав ба коронавирус мубтало шудаанд, аз ин рӯ онҳо наметавонанд ба Олимпиада роҳхат гиранд. Мо то оғози маросими ифтитоҳ вақти зиёд надорем, мо бояд имкони мавқуф гузоштанро баррасӣ кунем” гуфт раиси Кумитаи олимпии Швейтсария Ралф Стокли.
Вай таъкид кард, ки мавқеи баёншуда талаб нест. “Аммо мо пешниҳод мекунем, ки ин вариантро баррасӣ кунем. Вазъият махсусан барои кишварҳои аврупоӣ, ки дар он ҷо варзишҳои зимистона инкишоф ёфтаанд, душвор аст”, – таъкид кард Ралф Стокли.
Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекин аз 4-ум то 20-уми феврали соли 2022 баргузор мешавад.
Дар таърихи ҳаракати олимпӣ Пекин ягона шаҳре хоҳад шуд, ки ҳам Бозиҳои тобистонаи олимпӣ (2008) ва ҳам Бозиҳои зимистонаи олимпӣ (2022)-ро мизбонӣ мекунад.
Ба барномаи бозиҳо 7-намуди варзиш (15 равияи варзишӣ) ворид гардидааст. Дар мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо иштироки беш аз 4000 варзишгар аз 95 кишвари дунё дар назар аст ва онҳо барои 109 маҷмӯи медалҳо мубориза хоҳанд бурд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар айни ҳол ду варзишгари тоҷик – Баҳриддин Ғоибов ва Саидашраф Эшонов – барои ба даст овардани роҳхат ба Олимпиадаи Пекин-2022 аз намуди лижаронии кӯҳӣ талош меварзанд.
Сорбон Амонуллозода
Радиои “Тоҷикистон”