
Конфедератсияи футболи Осиё барои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё, AFC-2022 дар минтақаҳои Ғарб ва Шарқ таркиби дастаҳоро дар сомонааш нашр кард.
Тибқи натиҷаи қуръакашӣ, ки рӯзи 17-уми январ дар қароргоҳи КФО дар пойтахти Малайзия шаҳри Куала-Лумпур баргузор мегардад, 10-гурӯҳ, ки иборат аз 4-даста мебошанд, ташкил карда шудааст. Марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи асосии бошгоҳҳои Осиё, тибқи тақвими AFC, дар минтақаи Ғарб дар шакли мутамарказ аз 10-ум то 26-уми май баргузор мешавад. Дар минтақаи Шарқ бошад, мусобиқа аз 15-уми апрел то 1-уми май доир мегардад.
Бошгоҳи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, ки соли гузашта то даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё роҳ ёфта буд, дар мавсими нави мусобиқаи асосии бошгоҳҳои Осиё дар сабади сеюм ҷой гирифт.
«Истиқлол» дар сабади сеюм бо бошгоҳҳои «Пахтакор» (Ӯзбекистон), «Ал-Ваҳдат» (Урдун), «Мумбай Сити» (Ҳиндустон) ва «Аҳал» (Туркманистон) ҷойгир шуд, ки бо ин дастаҳо, аз сабаби дар як сабад ҷойгир будан, дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 рӯ ба рӯ нахоҳад шуд.
Таркиби сабадҳо барои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022:
Минтақаи Ғарб
Сабади 1-ум: «Ал-Садд» (Қатар), «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Фулод Хуҷистон» (Эрон), «Ал-Ҷазира» (Аморати Муттаҳидаи Араб), «Ал-Зуҳайл» (Қатар).
Сабади 2-юм: «Ал-Файсалӣ» (Арабистони Саудӣ), «Сипоҳон» (Эрон), «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Аморати Муттаҳидаи Араб), «Ал-Райян» (Қатар), «Ал-Шабоб» (Арабистони Саудӣ).
Сабади 3-юм: «Пахтакор» (Ӯзбекистон), «Ал-Ваҳдат» (Урдун), «Мумбай Сити» (Ҳиндустон), «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Аҳал» (Туркманистон).
Сабади 4-ум: «Эйр Форс» (Ироқ), ғолиби ҷуфти «Ал-Таавун» (Арабистони Саудӣ) – «Ал-Ҷаиш» (Сурия), ғолиби ҷуфти «Банияс» (Аморати Муттаҳидаи Араб) – «Насаф» (Ӯзбекистон), ғолиби ҷуфти «Шарҷа» (Аморати Муттаҳидаи Араб) – «Ал-Завра» (Ироқ).
Минтақаи Шарқ
Сабади 1-ум: Дастаи якуми Чин, «Кавасаки Фронтале» (Ҷопон), «Чонбук Ҳёндэ Моторс» (Кореяи Ҷанубӣ), «Би Ҷи Патҳум Юнайтед» (Тайланд), бошгоҳи дуюми Чин.
Сабади 2-юм: «Урава Ред Даймондс» (Ҷопон), «Чоннам Дрэгонз» (Кореяи Ҷанубӣ), «Чианграй Юнайтед» (Тайланд), дастаи сеюми Чин, «Иокагама Ф. Маринос» (Ҷопон).
Сабади 3-юм: «Юнайтед Сити» (Филиппин), «Китчи» (Ҳонконг), «Хоаган Зялай» (Ветнам), «Ҷоҳор Дарул Тазим» (Малайзия), «Лион Сити Сейлорс» (Сингапур).
Сабади 4-ум: «Мелбурн Сити» (Австралия), ғолиби ҷуфти бошгоҳи чоруми Чин, бошгоҳи сеюми Австралия/ «Кайя Илоило» (Филиппин), ғолиби ҷуфти «Виссел Кобе» (Ҷопон), бошгоҳи дуюми Австралия/ «Шан Юнайтед» (Мянмар), ғолиби ҷуфти «Улсан Ҳёндэ» (Кореяи Ҷанубӣ) «Порт» (Тайланд), ғолиби ҷуфти «Тэгу» (Кореяи Ҷанубӣ) – «Бурирам Юнайтед» (Тайланд).
Сорбон Амонуллозода
Радиои «Тоҷикистон»