Имрӯз дар меҳмонхонаи “Атлас”-и ш. Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ ҳамоиш таҳти унвони “Сайёҳӣ дар Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамо” ба кори худ оғоз кард.
Тавре ҳамкорамон Парвина Самандарзода аз ҷараёни ҳамоиш хабар медиҳад, дар ҳамоиш Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, намояндагон аз сарраёсати консулии ВКХ ҶТ, сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз, намояндагони Ассотсиатсияи сайёҳии экофарҳангии Помир ва намояндагони ВАО иштирок намуда истодаанд.
Дар назар аст, ки дар ҳамоиши мазкур масоили раванди татбиқи сиёсати давлатии соҳаи сайёҳӣ, тартиби воридшавии сайёҳони хориҷӣ ба кишвар, муҳлати будубоши онҳо, тарзи қабул ва хизматрасонӣ ҳангоми вуруди сайёҳон ба ҷумҳурӣ тариқи гузаргоҳҳо, имкониятҳои мусоиди ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба рушди иқтисодиёт, аз ҷумла рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон, низоми андозбандӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва имкониятҳои ташкили хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ ва таҳқиқ қарор мегирад.