Навовариҳо барои мардуми Тоҷикистон дар соли 2022, масъалаи расидан ба худкифоӣ дар истеҳсоли орд, зарурати рушди соҳаи пиллапарварӣ дар Тоҷикистон ва интиқоди мусофирон аз сатҳи хадамоти таксиҳои шаҳрӣ аз мавзуҳои меҳварии аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 5 январ мақолае бо номи “Истеҳсоли орд. Иқтидор ҳаст. Тадбир чӣ?” чоп карда, масъалаи худкифоӣ дар таъмини мардуми кишвар бо орди гандумро матраҳ кардааст.
Муаллиф менависад, ки мувофиқи меъёрҳо талаботи солонаи аҳолии Тоҷикистон ба орд 1 миллиону 211 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Давоми даҳ моҳи соли 2021 бошад истеҳсолоти дохилӣ наздики 633 ҳазор тонна ордро ташкил дода, дар баробари ин, ба кишвар аз Қазоқистон ва Россия наздики 45,5 ҳазор тонна орд ворид гардид. Ҳамзамон муаллиф таъкид мекунад, ин дар ҳолест, ки 45 корхонаи ордбарории кишвар иқтидори коркарди 2,5 миллион тонна гандум дар як солро доранд.
Нашрия аз қавли Академик Ҷалил Пиризода навиштааст, барои он ки Тоҷикистон дар таъмини аҳолӣ бо орд худкифо шавад, бояд дар дохили кишвар ҳамасола 1 миллиону 700 ҳазор тонна ҳосили гандум ба даст оварда шавад. Ин дар ҳолест, ки дар соли 2021 дар кишвар андаке беш аз 855 ҳазор тонна ҳосили гандум ҷамъоварӣ гардида, ҳамзамон дар ин муддат аз хориҷи кишвар, асосан аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 814 ҳазор тонна гандум ворид карда шудааст.
Нашрияи “Ҷумҳурият” инчунин дар ин шумораи хеш хабар додааст, ки ахиран вакилони МН Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Корхонаи муштараки «Зарафшон» оид ба коркарди маҷмуии конҳо «Тарор», «Ҷилва» ва бунёди корхонаи металлургӣ барои барориши маҷмуии тилло ва мис дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғдро, ҷонибдорӣ карданд.
Гуфта мешавад зимни татбиқи лоиҳа ба иқтисодиёти кишвар 117 миллион доллар сармояи мустақим ҷалб шуда, барои сокинони маҳаллӣ беш аз сад ҷойи нави корӣ фароҳам мешавад.
Дар баробари ин таъкид мешавад, ки иқтидори корхонаи бунёдшаванда коркарди 165 ҳазор тонна хокаи маъдан дар як сол буда, дар ҳолати татбиқи муваффақонаи лоиҳа ҳаҷми андозҳои пардохтшаванда аз ҷониби ширкат тибқи ҳисобҳои пешакӣ солона беш аз 40 миллион долларро ташкил медиҳад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 6 январ масъалаи такмили Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ»-ро матраҳ кардааст. Муаллиф навиштааст, ки аз саноати коркарди маъдани уран дар замони шӯравӣ зиёда аз 55 миллион тонна партовҳои радиоактивӣ ва майдонҳои ифлосшуда «мерос» мондаанд ва чунин муносибат дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ набояд дигар такрор ёбад.
Дар идома муаллиф менависад, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ихтисос ва касбҳое, ки дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ истифода мешаванд, гуногун ва бе ҳамоҳангсозӣ муайян шудаанд. Инчунин, баъзе аз ихтисосу вазифаҳои марбут ба истифодаи энергияи атомӣ ва бехатарии радиатсионӣ вуҷуд надоранд.
Инчунин муаллиф менависад, ки зарур аст то ба масъалаи омода намудани барномаи эътино ба садамаҳои ядроӣ, аз ҷумла, садамаҳои ядроӣ дар иншооти кишварҳои ҳамсоя, таъсиси мониторинги ядроӣ ва радиатсионии муҳити зист таваҷҷӯҳ шавад.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 6 январ дар мақолае ба муҳимтарин тағйирот дар соли нави 2022, ки ба сифати зиндагии аҳолии Тоҷикистон таъсир мегузорад, ишора кардааст. Муаллиф менависад, аввал ин ки билохира аз 1 январи соли 2022 Кодекси нави андоз мавриди амал қарор гирифт.
Дар кодекси нав шумораи андозҳо кам карда шуда, инчунин фоизи бархе андозҳо, аз ҷумла андоз бар арзиши афзуда аз 18 то 15 дарсад коҳиш дода шудааст. Дар баробари ин аз моҳи январи соли нави 2022 музди меҳнати мақомоти қудратӣ ва интизомӣ 25 дарсад ва аз моҳи июли соли ҷорӣ дигар ниҳодҳои буҷавӣ 20 дарсад боло бурда мешавад.
Ҳамзамон таъкид мешавад, ки дар соли 2022 маблағи боҷҳои давлатӣ барои хизматрасониҳои мухталиф ва андозаи ҷаримаҳо низ боло меравад, зеро маблағи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз 60 сомонӣ ба 64 сомонӣ зиёд карда шуд.
Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре ин мавзуро матраҳ кардааст, ки чаро дар Тоҷикистон пиллапарварӣ тайи даҳ соли охир рушд накард? Ба навиштаи муаллиф истеҳсоли пилла аз 1000 тонна дар соли 2012 то 387 тонна дар соли 2021 коҳиш ёфта, сабаби ин ҳолат аз байн бурдани қисмати зиёди дарахтони тут дар кишвар дониста мешавад.
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон барномаи нави рушди пиллапарварӣ барои солҳои 2021-2024 қабул шудааст, ки тибқи он бояд дар кишвар 4 млн 375 ҳазор ниҳоли тут шинонида шуда, истеҳсоли солонаи пилла то ба 1200 тонна расонида шавад. Бар асоси ин барнома дар сурати коркарди 800 тонна пилла дар дохили кишвар 66 ҳазор нафар бо кор таъмин мегарданд.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 6 январ мақолаи таҳлилии адиби шинохта Ато Мирхоҷаро бо номи “Хоруғ ҳам бояд билохира ба шаҳри ором, меҳмондӯст ва муътадилавзоъ табдил ёбад” чоп кардааст. Муаллиф зимни баррасии ҳаводиси ахири шаҳри Хоруғ таъкид кардааст, ки барои расидан ба ин ҳадаф пеш аз ҳама бояд нуфузи ба истиллоҳ атаманҳои кӯчабозорӣ аз байн бурда шуда, барои онҳое, ки таҳти таъсири ин лидерони худобехабар қарор гирифтаанд, кумаки равонӣ расонида шавад.
Ба хулосаи муаллиф даъвои ин ҳамаи дардҳо итоати бечунучаро аз қонун аст, ки онро аз раис сар карда то шаҳрванди қаторӣ бояд риоя кунанд, зеро дар акси ҳол ба ҷои лидерони аз кор афтода лидерҳои нав пайдо шуда, мушкилот боз ҳам печидатар мегардад.
Нашрияи “Фараж” дар ин шумораи хеш дар равзанаи сардабир матлабе бо номи “Хаста” чоп карда навиштааст, ки ба оҳистагӣ рӯзнома ҷойи худро ба шабакаҳои иҷтимоӣ додааст. Вале ба навиштаи муаллиф бояд иқрор шуд, ки шабакаҳои иҷтимоии мо ба комилан сиёҳ аст.
Муаллиф меафзояд, мо аз сиёҳӣ сер накарда, фақат сиёҳ мехонему сиёҳ менависем ва сертамошобин шудани наворҳои видеоие, ки сиёҳии ҷомеаи моро ба рӯямон мекашад, ба ин гувоҳ аст. Дар фарҷом муаллиф суол гузоштааст, ки чаро чунин шудаем? Магар ҷомеаи мо ба рӯҳшоносони касбӣ зарурат пайдо накардааст?
Ҳафтаномаи “СССР” дар шумораи рӯзи 6 январ бо нашри мақолае аз сатҳи пасти хадамоти “Рахш таксӣ” интиқод карда, ба унвони мисол навиштааст, ки дар баробари дер кардан, ронанда муштарирро бо ирсоли паёмаҳои таҳқиромез таҳдид кардааст. Ба навиштаи муаллиф муроҷиати чандинкаратаи вай ба ширкати мазкур ва шикоят аз рафтори ронандагони дағалгуфтор то ҳол натиҷае надодааст.