Бисёре аз расонаҳои хабарӣ дар бораи пайдо гардидани як варинати нави хеле хатарноки коронавируси Sars-Cov-2 дар ҷануби Фаронса гузориш доданд.
Бино ба маълумоти расонаҳо ин штами нави каронавирус давоми ду соли пандемия боиси фавти 5,5 млн нафар дар саросари ҷаҳон гардидааст. Қаблан ББС дар такя ба маълумоти Вазорати тандурустии Фаронса иттилоъ дода буд, ки вируси нав аз Камерун вориди Аврупо шудааст ва шояд аз “Omicron” низ сирояткунандатар бошад.
Дар робита ба вазъияти мазкур СУТ тавасути пахши изҳороте гуфтааст, ки “ҳанӯз ягон сабаб барои воҳима вуҷуд надорад”. Дар изҳороти СУТ омадааст, ки аз оғози пайдоиши бемории сироятии каронавирус, ВАО ҷаҳонӣ аз пайдоиши даҳҳо штами нави вирус хабар додаанд, ки мавҷудияти аксари онҳо беасос мебошад. Ин дар ҳолест, ки СУТ аз афзоиши штами нави “Омикрон” ва хуруҷ намудани он дар Аврупо маълумот додааст.
Раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен ҳушдор дод, ки варианти Omicron дар моҳи январ метавонад дар Аврупо ҳукмфармо шавад. Ҳамзамон вай таъкид кард, ки дар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ваксинаҳои кофӣ барои мубориза бо вирус вуҷуд доранд. Ҳамзамон Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (ТУТ) ҳушдор медиҳад, ки варианти нави коронавирус дар саросари ҷаҳон бо суръати бесобиқа паҳн мешавад. Ҷон Белл, профессори тибби Донишгоҳи Оксфорд, бар ин назар аст, ки нишонаҳои Омикрон аз вариантҳои қаблии коронавирус фарқ мекунанд.
Ҳоло бо сабаби пандемия каронавирус бисёре аз кишварҳои аврупоӣ чораҳои крантиниро пурзур намуда истода, фаъолияти бархе аз корхонаҳоро қатъ намуда истодаанд. Ёдовар мешавем, ки то ба ҳол дар саросари ҷаҳон наздик ба 297 млн гирифтори бемории сироятии каронавирус гардида, 5,5-млн нафари дигар фавтидаанд.
Баҳруллои Муҳаммадшариф
Радиои “Тоҷикистон”