Ҷоми Миллатҳои Африқо мусобиқаи асосии дастаҳои миллӣ дар қораи Африқо аст, ки таҳти сарпарастии Конфедератсияи футболи Африқо (CAF) баргузор мешавад.
Ҷоми Африқо-2021 ин 33-умин Ҷоми Африқо мебошад, ки моҳҳои январ феврали соли 2022 дар Камерун баргузор мешавад. Дар аввал се кишвар: Алҷазоир, Кот-д’Ивуар ва Гвинея барои мизбонии ин мусобиқа мубориза бурданд. Дар натиҷа, Кот-д’Ивуар дар тендер ғолиб омад ва Гвинея ҳуқуқи мизбонии Ҷоми Африқо дар соли 2023-ро соҳиб шуд. Аммо ба далели сар задани ошӯбҳо дар Камерун, Миср ӯҳдадор шуд, ки Ҷоми Африқои Миллатҳо 2019-ро мизбонӣ кунад. Мусобиқа ду сол иваз карда шуд, Камерун дар соли 2021, Кот-д’Ивуар дар соли 2023 ва Гвинея соли 2025 мизбонии мусобиқаро соҳиб шуданд. Дар робита ба пандемия дар саросари ҷаҳон соли 2020, мусобиқа ба моҳи январи соли 2021 мавқуф гузошта шуд. Баъдтар, он боз ба таъхир гузошта шуд, ки ин дафъа ба моҳҳои январ феврали соли 2022 рост омад. Аз ин рӯ аз 9-январ то 6-феврал Ҷоми Африқо дар Камерун баргузор мегардад.
Аввалин мусобиқа соли 1957 баргузор шуда буд. Дар аввал шумораи иштирокчиён кам буд, вале тадриҷан ин мусобиқа тамоми қитъаи Африқоро фаро гирифт. Аз соли 1968 инҷониб ин мусобиқа мунтазам дар ду сол як маротиба гузаронида мешавад ва ғолиб ҳуқуқи иштирок дар Ҷоми Конфедератсияро ба даст меорад. Аз соли 2013 сар карда, мусобиқа дар солҳои тоқ гузаронида мешуд ва аз ин рӯ, дар солҳои чемпионати ҷаҳон баргузор намегардид.
Сорбон Амонуллозода
Радиои “Тоҷикистон”