Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ медиҳад, ки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Нур-Султон ва Консулгарии генералии кишвар дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ба таври муқаррарӣ фаъолият менамоянд.
Бо дарназардошти амалҳои ғайриқонуние, ки дар баъзе аз шаҳру вилоятҳои Қазоқистон дида мешаванд, аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави он кишвар қарор доранд, хоҳиш мегардад, то ҳушёриро аз даст надода, аз ҷойҳои серодам канорагирӣ намоянд.
Ба шаҳрвандони Тоҷикистон бо исрор тавсия дода мешавад, ки дастуру ҳидоятҳои ҷоригардидаи низоми фавқулоддаро дар қаламрави Қазоқистон қатъиян риоя намоянд.
Дар сурати ба мушкилӣ дучор гардидани шаҳрвандони Тоҷикистон, онҳоро зарур аст, ки фавран ба телефони шабонарӯзии Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Нур-Султон +77172240929 хабар диҳанд.
Ҳамзамон аз шаҳрвандони Тоҷикистон изҳори хоҳиш мегардад, ки аз сафар ба Қазоқистон, то пурра ба эътидол омадани вазъ худдорӣ намоянд.