Дар вилояти Суғд дар давраи таътили зимистона миёни кӯдакону наврасон озмуни “Китобхони беҳтарин” гузаронида мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ин вилоят.
Ба гуфтаи манбаъ, озмуни мазкур тибқи низомнома дар ду категорияи синну солӣ – кӯдакони то синни 14 сола ва наврасони аз 14 сола боло баргузор карда мешавад.
Ҳадаф аз баргузории озмун ҷалби ҳарчи бештари кӯдакону наврасон ба китобу китобхонӣ, дарёфти истеъдодҳо, ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавии насли наврас, рушди малака ва қобилияти зеҳнии кӯдакон гуфта мешавад.
Гуфт мешавад, ҳайати ҳакамон ба теъдоди ашъори ҳифзкардашуда, маънидод кардани шеъри хондашуда, шарҳи луғатҳо ва ба маҳорати хондани шеър баҳогузорӣ мекунанд.
Манбаъ мегӯяд, тамоми иштирокчиёни даври вилоятии озмун бо Ифтихорномаи Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд қадршиносӣ карда шуда, ба ғолибон Дипломи ифтихории Раёсати маорифи вилоят ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида мешавад.