Дар бозии даври 21-уми Премйер Лигаи Англия, “Вулверхэмптон” ба меҳмонии “Манчестер Юнайтед” рафт.
Бозӣ дар майдони муҳташами “Олд Траффорд” баргузор гардид. Аз оғози рақобат меҳмонон ба дарвозаи шогирдони Ралф Рангник ҳамлаҳои хавфнок анҷом доданд.
Рақобат то дақиқаҳои 80-ум бо ҳуҷумҳои бенатиҷаи ҳарду даста сурат гирифт. Ҳамин тавр, дар дақиқаи 82-юми қисми дуюми бозӣ ба футболбозони “Вулверхэмптон” муяссар гардид, ки дарвозаи Де Хэаро рахна намуда, ҳисоби бозиро кушоянд. Голи ягонаи ин дидор ба номи Маутиню сабт гардид.
Ҳарчанд футболбозони “Манчестер Юнайтед” то анҷоми ин дидор кӯшиш намуданд, ки ҳадди ақал ҳисоби бозиро баробар созанд, мутаасифона бахт ба рӯяшон нахандид.
Гуфтан ба маврид аст, ки соли 2022 барои футболбозони “Манчестер Юнайтед” бебарор оғоз шуд. Ин аввалин бохти девҳои сурх баъди аз даста пеш кардани Оле-Гуннар Сулшер мебошад.
Дар мавсими 2021/22 “Манчестер Юнайтед” бо касби 31 имтиёз дар ҷойи 7-уми ҷадвали Премйер Лигаи Англия қарор дорад. “Вулверхэмптон” бошад бо касби 28-имтиёз баъд аз “МЮ” дар ҷойи 8-ум аст.
Сорбон Амонуллозода,
радиои “Тоҷикистон”