Саҳифаи махсуси Кумитаи андоз дар Telegram ва Viber: Чаро он роҳандозӣ шуд?
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади огоҳонидани мардум аз Кодекси нави андоз дар шабакаи иҷтимоии Telegram саҳифаи махсус роҳандозӣ намуд. АМИТ “Ховар” дар ин бора хабар дод.
Тавре манбаъ иттилоъ медиҳад, саҳифа «Шарҳу тавзеҳи Кодекси андоз дар таҳрири нав» ном дошта, дар он маълумоту иттилооти зарурӣ роҷеъ ба Кодекси нави андоз, шакли электронии он, маълумоти графикӣ дар бораи намудҳои андоз, меъёрҳои андоз, имтиёзу сабукӣ ва ғайра барои шаҳрвандон пешниҳод карда мешаванд. Ҳамзамон гуфта мешавад, дар саҳифаи мазкур саволу ҷавобҳо ҷой дода шудаанд, ки дилхоҳ нафар метавонад аз он маълумоти зарурӣ дастрас намояд.
Қобили зикр аст, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардида, 23 декабри соли 2021
аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонда шуд, ки дар он дар баробари имтиёзу сабукиҳои мавҷуда сабукиҳои нав пешбинӣ гардидаанд. Аз ҷумла, шумораи андозҳо аз 10 ба 7 номгӯй, меъёри андоз аз арзиши иловашуда аз 18 ба 15, хизматрасониҳои меҳмонхонавӣ аз 18 ба 7, фурӯши маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли дохилӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз 18 ба 5 фоиз расонида шуд.
Суроғаи саҳифа дар Telegram https://t.me/nalogtojik