Мудири Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони илмҳои Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова ба ҷоизаи байнидавлатии “Ситораҳои Иттиҳод” даст ёфт.
Тибқи иттилои расонаҳо, маросими супоридани ҷоиза барои дастовардҳои баландтарин дар соҳаи гуманитарӣ дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия барпо шудааст.
Ёдрас мекунем, ки Гулчеҳра Қоҳирова, мудири Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистон буда, самти фаъолияташ омӯзиши ҷисмҳои осмонӣ мебошад. Пажӯҳишҳои ӯ ба дар паҳнои олам алоқамандон дорад.
Ҷоизаи байнидавлатии “Ситораҳои Иттиҳод” аз ҷониби Шӯрои ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ ва ФБҲБ 21 майи соли 2009 таъсис ёфтааст.
Барандагони ин ҷоиза бо диплом, нишони фахрӣ ва гувоҳинома сарфароз гардонида мешаванд. Мукофоти пулии ҷоиза ба 2 миллион рубли русӣ баробар аст.