Як сокини шаҳри Хуҷанд зимни ба муомилот баровардани пули қалбакӣ боздошт шудааст.
Рӯзи 9 декабр дар як амалиёт сокини 37-солаи Хуҷанд Абдураҳмон Ҳамидов ҳангоми ба гардиш баровардани пули қалбакии арзи (асъори) хориҷӣ боздошт гардид.
Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳангоми тафтиш аз дастгиршуда 86 адад коғази 100 доллари ИМА дарёфт шудааст.
Зимни ташхис маълум карда шудааст, ки ки Абдураҳмон Ҳомидов ин миқдор маблағи сохтаро аз рӯи маслиҳати пешакӣ аз шахсе бо номи Салим ба даст овардааст
Ба гуфтаи манбаъ, маблағҳои дарёфтшуда ба меъёрҳои технологии омодасозӣ ва ба пулҳои дар муомилот будаи аслӣ мувофиқат накарда, бо тарз ва усули чопии компютери технологияи ранга тайёр карда шудаанд.
Гуфта мешавад, нисбати Абдураҳмон Ҳамидов бо моддаи 281 қисми 2 бандҳои “а” ва “б”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.