Дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Истаравшан ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд рӯзҳои 23-24 декабр баргузории ярмарка-фурӯши ангишт дар назар аст.
Ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар ярмаркаи мазкур конҳои истеҳсоли ангишт ангиштро бо нархи арзон ба фурӯш хоҳанд гузошт.
Сокинон дар шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаи 34, дар шаҳри Истаравшан назди бозори «Ҳоҷӣ Ҳаит», назди варзишгоҳи марказии шаҳр ва идораи «Шабакаҳои тақсимоти барқ», дар шаҳри Конибодом назди автовокзали шаҳр, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шаҳраки Ғафуров, маркази ҷамоати Хистеварз, маркази ҷамоати Унҷӣ ангишт харидорӣ намоянд.
Гуфта мешавад, чунин ярмаркаҳо ба хотири ба эътидол овардани нархи фурӯши ангишт роҳандозӣ мегардад.