Ронандаи худрави “Опел-Астра” Бурҳониддин Хоҷаеви 55-солаи сокини шаҳри Панҷекат рӯзи 20 декабр ҳангоми ҳаракат дар шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомошинаи “Мерседес-Бенс” бархӯрдааст.
Ба иттилои маркази матбуотии ВКД, дар пайи садама Хоҷаев захми вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳини интиқол ёфтан ба бемористон дар роҳ ҷон бохтааст.
Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчунин аз ҳодисаи дигар хабар медиҳад. Рӯзи 19 декабр худрави «БМВ-520», ки сокини 23-солаи сокини пойтахт Карим Ҳамзазода идора дошт, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди шаҳри Душанбе пиёдагард Илҳом Кенҷаеви 34-солаи сокини Душанберо пахш намудааст.
Пиёдагард дар роҳ ба сӯйи бемористон ҷон додааст.
Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолатҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.