Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз сокинони сайёра хост бо назардошти имкониятҳо дар нақшаҳои идонаи худ таҷдиди назар кунанд. Ин созмон аз густариши фарогири гунаи “Омикрон”-и коронавирус изҳори нигаронӣ кард. Гуфта мешавад, ки штамми нав ба шиддат дар кишварҳои олам паҳн мегардад.
“Лағви тадобири идона беҳтар аз талафи ҷон аст”, – гуфт раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адханом Гебрейесус дар як брифинг, ки дар Женева баргузор шуд. – Хуб аст агар тадорукоти ҷашниро имрӯз лағв кунем ва ин беҳтар аз он аст, ки лағв накунему баъд пушаймон шавем”, – афзуд ӯ.
Раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамчунин гуфт, ки ҳоло маълум шудааст, ки “Омикрон” назар ба штамми Делта ба шиддати бештар ва фарогиртар паҳн мешавад. Ҳатто одамоне ҳам, ки худро зидди коронавирус эм кардаанд ва касоне, ки пештар ин бемориро аз сар гузаронида буданд, метавонанд ба “Омикрон” сироят шаванд.
Раиси СҶТ гуфт, ки имсол шумори фавтидагон аз Covid-19 назар ба шумори ҳалокшудагон аз ВИЧ, табларза ва сил дар соли 2020 бештар мешавад.