Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия дар умури ҳамкориҳо низ ҳаст, бо Фуат Октай, ноиби Президенти Ҷумҳурии Туркия дидор намуд.
Тавре сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, вохӯрӣ рӯзи 15 декабр дар шаҳри Анқара сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, мавзӯи суҳбат баррасии вазъи кунунӣ ва имконияти рушди муносибатҳои Тоҷикистону Туркия будааст.
Ҷонибҳо зарурати танзими мулоқоту музокирот ва тамосҳои сатҳи олиро дар ояндаи наздик таъкид намуда, ҷиҳати густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ иқдоми ташкили бизнес-форуми Тоҷикистону Туркия дар шаҳри Қунияро қобили дастгирӣ шумориданд.