Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Парижи Фаронса намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём ифтитоҳ гардид.
Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини якуми Мудири кулли ЮНЕСКО Регнер Аса иштирок намуданд. Намоишгоҳ ба муаррифии мероси илмӣ ва адабии ду чеҳраи барҷастаи тамаддуни тоҷик бахшида шудааст.
