РОҲПАЙМОИИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ДУШАНБЕ

Дар пойтахт ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии идона баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар майдони «Истиқлол» оғоз ёфта, дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, кормандони соҳаҳои гуногун, устодону донишҷӯён, варзишгарон, аҳли фарҳангу ҳунар ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок карданд.