МТС: Хуршед Зиёӣ бо намояндаи Сафорати Амрико дидор ва гуфтугӯ намуд

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ бо масъули бахши сиёсии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Давид Бишоп дидор ва гуфтугӯ намудааст.

Ба иттилои маркази матбуотии ин марказ, ҷонибҳо робитаҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА-ро мусбат арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки рушди минбаъдаи онҳо ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳар ду ҷониб мебошад.

Хуршед Зиёӣ дар бораи масъалаҳои сиёсию амниятии минтақа ва ҷаҳон  сухан ронда, моҳияти сиёсати хориҷии “дарҳои боз”-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дода, зикр кард, ки Тоҷикистон узви фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ буда, ҷонибдори ҳалли мусолиматомези тамоми масъалаҳои баҳсноки минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон мебошад.

Зимни мулоқот сиёсатмадорон масоили мубрами сиёсию амнияти минтақавию ҷаҳонро  мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор доданд.

Масъули бахши сиёсии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Давид Бишоп барои пазироӣ ва мулоқоти самимона изҳори сипос намуда, ба рушди робитаҳои дӯстона, ҳамкориҳои ИМА ва Тоҷикистон баҳои баланд дода, таҳкиму густариши онҳоро таъкид ва таъйид кард.

Гуфта мешавад, мулоқот дар фазои дӯстона ва ҷавобгӯй ба сатҳи баланди муносибатҳои ду кишвар анҷом ёфт.