Гурӯҳи кории Тоҷикистон бо намояндагии мудири Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи кории гурӯҳи машваратии «Паймони Париж» иштирок дорад.
Тавре сомонаи агентӣ хабар медиҳад, ин нишаст бо ибтикори Раёсати Созмони Милали Муттаҳид дар умури маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ (UNODC) рӯи даст гирифта шуда, рӯзи 15 декабр дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия оғоз ёфт.
Мудири агентӣ дар ҷаласаи мазкур дар бораи Шарҳи стратегӣ оид ба тамоюлҳои охирин, масир ва усулҳои муомилоти ғайриқонунии маводи афюнии аз Афғонистон воридшаванда суханронӣ намуд.
Ҳамчунин, дар ҷаласа вазъи маводи нашъаовар дар минтақа, муомилоти ғайриқонунии маводи афюнии афғонӣ ва чораҳо барои тақвияти ҳамкории минтақавӣ вобаста ба пешгирии қочоқи он аз ҳудуди Афғонистон муҳокима гардиданд.
Дар ҳошияи чорабинии мазкур директори агентӣ бо Ҷеремӣ Милсом, ҳамоҳангсози аршади Барномаи минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид дар умури маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дидор ва гуфтугӯ намуданд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории мутақобилан судманд аз ҷумла, мусоидат ба агентӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар доираи барномаи зикршуда муҳокима гардид.