Хабаргузории Тасс менависад, кт тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Федератсияи Русия дар овоздиҳии умумихалқиро 77,92 фисад овоздиҳандагон дастгирӣ карданд.
Ба маълумоти ин хабаргузори чунин натиҷа аз маълумоти Комиссияи марказии интихоботии Федератсияи Русия дар асоси натиҷаҳои коркарди 100 фоизии протоколҳо бармеояд. Ҳамин тавр, аз натиҷаи куллӣ 21,27% дарсад русҳо ба тағирот мухолифат карданд. Тибқи маълумоте, ки Комиссияи марказии интихоботии Федератсияи Русия интишор намудааст, аз маҷмуи аҳолии овоздиҳӣ дошта, 65 фоиз иштирок намуданд. Овоздиҳии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйирот ба Конститутсияи Федератсияи Русия дар тамоми қаламрави Русия соати 21:00 бо вақти Маскав рӯзи чоршанбе ба охир расид.