Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ёваи шаҳри Хуҷанд ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 6-уми сентиябри соли 2019, бо роҳи фиреб ба боварии марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷ.Расулов даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи боркашии тамғаи “Рено”-ро ба маблағи 160 ҳазор сомонӣ барои фурӯш гирифта, маблағҳои бадастовардаашро ба манфитаи шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.