Мақомти Чин ба ваъдаи Британияи Кабир дар бораи ба мардуми Гонконг додани ҳаққи иқомат ва шаҳрвандии ин кишвар хашмгинона посух дод ва таҳдид кард, ки ин иқдомро дар ҳолати боло рафтани хатари амният бозмедорад.
Сафорати Чин дар Лондон ҳукумати Британияро дар таҳрифи созишномаҳои қаблан бадастомада айбдор мекунад ва ҳушдор медиҳад, ки Пекин “ҳуқуқи андешидани чораҳои дахлдорро” дар ихтиёри Бритониё мегузорад, агар нақшаи худро тағйир бидиҳад.
Рӯзи чоршанбе дар Палатаи Лордҳо, Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Доминик Рааб пешниҳодҳои дароз кардани ҳуқуқи шахсонеро, ки ба шиносномаҳои хориҷии Британияи Кабир ҳуқуқ доранд, баён кард, ки барои тақрибан се миллион сокини Гонгконг ба Бритониё роҳ мекушояд.
Ин пешниҳод замоне садо дод, ки садҳо нафар сокинони Гонконг дар эътироз ба татбиқи “қонуни нави амнияти Гонгконг” тазоҳурот карданд. Ҳамчунин ин эътирозҳо ба санаи 23-солагии супурдани ин мустамликаи пешини Британияи ба Чин рост омад.
Дар як изҳороти вебсайти сафорати Чин дар Лондон, сафир Лю Сяоминг амалкарди ин кишварро ҳамчун “мудохилаи дағалона ба корҳои дохилии Чин” арзёбӣ карда, илова намудааст, ки таъмини амнияти миллӣ дар Гонконг масъулияти Чин аст. “Британияи пас аз итмоми муҳлати иҷораи Гонконг дигар ҳуқуқи “назорат ва дахолат”-ро надорад”- гуфтааст ӯ.