Боздошти раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷайҳун бо гумони қаллобӣ

Маркази матбуотии Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар хабар медиҳад, ки Сафарализода Тоҷиддин Сафаралӣ, ки дар вазифаи раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷайҳун фаъолият дошт, ҷинояти қаллобиро бо истифода аз мақоми хизматӣ, бо маслиҳати пешакӣ дар якҷоягӣ бо зертобеъаш Сафаров Ҷумахон Муродович бо расонидани зарари моддӣ содир намудааст.

Ба иттилои манбаъ, номбурдагон шаҳрванд “А”- ро бо роҳи фиреб бовар кунонидаанд, ки бар ивази маблағи 6800 сомонӣ метавонанд 1,0 га қитъаи замини хоҷагии деҳқонии фермериро аз заминҳои ҳудуди деҳаи Махтумқулии Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун ба номи ӯ ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ намоянд. Сипас, Сафарализода Т.С. ва Сафаров Ҷ.М. аз маблағи талабкарда 6100 сомониашро гирифта, ба манфиати шаҳрванд ягон амали муайянеро иҷро накарданд.

Ҳамин тариқ, нисбати Сафарализода Тоҷиддин Сафаралӣ ва Сафаров Ҷумахон Муродович бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.