17 декабр дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ин бора Қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъват намудани иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум» 3 декабр ба тасвиб расид.
Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ иттилоъ медиҳад, ки дар иҷлосияи мазкур баррасии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон»; Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм»; «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»; «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»; «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва дигар қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоб ва бозхонди судяҳои мақомоти судӣ дар назар дошта шудааст.