Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифт, омадааст дар хабари сомонаи Маҷлиси намояндагон.
Зимни баромади хеш Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода иброз намуд, ки мақсади таҳияи лоиҳаи Қонуни мазкур муайян намудани асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иктисодии фаъолият дар соҳаи захираҳои генетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои истифодаи донишҳои анъанавии мардуми кишвар оид ба захираҳои генетикӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ, истифодаи самараноки гуногунии биологӣ барои истеҳсоли хӯрокворӣ ва пешбурди соҳаи кишоварзӣ мебошад.
Зимни таҳияи лоиҳаи Қонуни мазкур муқаррароти қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ», «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот» «Дар бораи олами ҳайвонот» ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба инобат гирифта шудаанд.
Лоиҳа аз 5 боб ва 27 модда иборат мебошад.