Дар хабари Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Муассисаи нашриявии «Ирфон» ва дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ду намуд руқъа (откритка) бо теъдоди 1000 нусха рӯи чоп омад.
Руқъаҳо таҳти унвони «Тоҷикистон-кишвари куҳанбунёд» ва «Тоҷикистони замони истиқлол» ҳар яке иборат аз 30 акси мавзеъҳои таърихӣ ва биноҳои муосир бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба нашр расидаанд. «Димнаи Муғтеппа», «Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ», «Мақбараи Хоҷа Машҳад», «Қалъаи Хуҷанд», «Қалъаи Вомар», «Мақбараи Хоҷаи Нур», «Кӯҳи Чилдухтарон», «Гармчашма», намунаҳо аз кишвари куҳанбунёд буда, «Кохи Наврӯз», «Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ», «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», «Қасри миллат», «Боғи Куруши Кабир», «Театри вилоятии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров», «Бозори Меҳргон», Кохи фарҳанги «Суғдиён», «Амфитеатр» ифтихор аз Тоҷикистони замони истиқлол мебошанд.
Маводи мазкур армуғон ва роҳнамои хубест барои сайёҳону меҳмонони кишвари қадимиву рушдкардаи мо-Тоҷикистон. Ташаббуси мазкур аз ҷониби Муассисаи нашриявии «Ирфон» қадами аввалинест миёни ноширони мамлакат, ки қобили дастгирӣ мебошад.