Меҳргон – муаррифии дастранҷи марди деҳқон

Санаи 17-уми октябр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Меҳргон ва Фестивал-намоиши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид, ки деҳқонони мамлакат аз  тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дастранҷи худ – маҳсулоти тозаи  кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни зироат, меваҷот, сабзавот, асали табиӣ, техникаю мошинолот, ихтирооти вобаста ба соҳаро  пешниҳоди иштирокдорон намуданд.

Аслан дар сатҳи давлатӣ таҷлил намудани Меҳргон тавре Президенти мамлакат муњтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми имсола ба муносибати ҷашни Меҳргон зикр намуданд, пайвандии моро бо решаҳои бостонии миллиамон тақвият мебахшад ва боиси болоравии худшиносиву худогоҳии наврасону ҷавонон мегардад, зеро Меҳргон рамзи ваҳдати инсонҳо, намунае аз ахлоқи баландтарини инсонӣ, меҳрварзиву накӯкорӣ, ватандӯстӣ ва адолатпарварӣ ба шумор меравад.

Дар ҳамин ҳол корманди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Ёқубҷон Уроқов эҳёи оину суннатҳои ниёгонро аз қабили дар сатҳи давлатӣ таҷлили Меҳргону Садаро аз заҳматҳои оламшумули сарвари муаззами кишвар медонад.

Ин ҷашн аз қаъри таърих маншаъ мегирад. Қурбоналӣ Партоев –доктори илмҳои кишварзӣ боварӣ дорад, ки ҳанӯз аз гузаштаи дур деҳқонони кишвар бо маъраз гузоштани ҳосили дастранҷашон ҳамингуна идҳоро таҷлил менамуданд.

Тавре медонем, зимни таҷлили ҷашну фестивалҳои соҳаи кишоварзӣ  масъулин мекушанд, то дастовардҳои худро таҳти рубликаи «Аз Меҳргон то ба Меҳргон» ба маъраз гузоранд. Ҳангоми боздид аз гӯшаи Маркази захираҳои генетикии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон чашмамон ба моши сиёҳ афтид. Зимни муаррифии ин зироат Фирӯз Баротов – муовини директори Маркази захираҳои генетикии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон рӯйи кор омадани моши сиёҳро аз дастовардҳои навбатии Марказ номид, ки аз Меҳргон то ба Меҳргон ба он ноил шуданд. Ҳамчунин мавсуф аз коркарди илмии картошкаи ширин-бататро, ки аз кишварҳои Америкаи Ҷанубӣ ворид шудааст, дар соли ҷорӣ аз дастоварди дигари Маркази захираҳои генетикии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон арзёбӣ кард.    

Воқеан ҳам парвариши батат ва ё ба ибораи дигар картошкаи ширин дар иқлими мо мусоид ва мувофиқ аст. Тавре коршинос Сулангов Маҳмазамон, ки тайи чор соли охир ба коркарди илмии ин зироати тропикӣ машғул аст, мегӯяд, «батат» растании санотиест, ки онро дар соҳаи кулинария самаранок истифода мекунанд ва ҳамзамон нони аз орди батат тайёркардашуда, лазиз буда, дар таркибаш унсури ба организм нафъовар бештар дорад».

-Ин растанӣ ба гармӣ тобовар буда, таҷрибаҳои илмии мо собит намуданд, ки дар минтақаи ҷанубии кишвар то 100 тонна аз як гектар ҳосил ба даст овардан мумкин аст – хулоса менамояд, афкорашро коршинос Сулангов Маҳмазамон.

Ҷашну идҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯњу шаҳомати хоса инъикос менамояд. Доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев мегӯяд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ як қатор ҷашнҳои соҳавии марбут ба кишоварзӣ аз нав рӯйи кор  омад, ки аз сиёсати некбинонаи аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак дода, меҳри кишоварзонро дучанд менамояд.

Таҷлили иду ҷашнвора ва  фестивалҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ дар мамлакат басо рамзӣ буда, ҳадафаш дар баробари қадр намудани дастранҷи марди деҳқон, инчунин муаррифии шоистаи неъматҳои табиии кишвар мебошад. Маҳз тавассутии ҳамингуна ҷашнҳо метавонад, истеъмолкунанда бо истеҳсолкунанда робити амалӣ дошта бошад. Сӣ соли даврони соҳибистиқлолӣ боис гашт, ки имрӯз баъзе аз ҷашнвораҳои дар хотироти таърих боқимонда – Садаву Тиргон ва Меҳргон аз нав эҳё ва дар сатҳи давлатӣ таҷлил гардад.

Муродулло Раҳимов,

Радиои Тоҷикистон