Ба иттилоъ аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дирӯз – 18 октябр – дар шаҳраки Олимпиаи Юнон оташи олимпии Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 фурӯзон карда шуд. Ин оғози сафари оташи олимпӣ ба Чин қабл аз 100 рӯзи оғози бозиҳо мебошад.
Оташи олимпӣ ҳамчун рамзи сулҳ, ваҳдат ва ҳамбастагӣ арзишҳои олимпизмро ба ҳамаи онҳое, ки онро дар сафараш мебинанд, мерасонад. Оташе, ки дар байни мухлисони варзишҳои зимистона дар ҷаҳон интизорӣ, ҳамзамон ба ҳазорон варзишгаре, ки омодагии охирини худро ба ин бозиҳо анҷом медиҳанд, илҳом мебахшад.
Бо дарназардошти чораҳои муқовимат бо COVID-19, маросими оташафрӯзӣ дар Олимпиа бо ширкати маҳдуди ҳайатҳо доир шуд.
Маросими анъанавӣ, ки дар наздикии маъбади Ҳера баргузор шуд, мероси юнонии Бозиҳои олимпиро таҷассум мекунад ва Бозиҳои муосирро бо пайдоиши таърихии он мепайвандад. Пас аз он ки оташи олимпӣ аз ҷониби саркоҳин фурӯзон карда шуд, он сафари худро тавассути лижарони юнонӣ Иоаннис Антониу оғоз кард. Пас аз он шӯъла ба варзишгари чинӣ, барандаи панҷ медали Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар конкитозӣ Ли Ҷиаҷун гузашт.
Пас аз маросим, оташи олимпӣ ба Варзишгоҳи Панатенаичи Афина интиқол дода шуда, имрӯз – 19 октябр расман ба Пекин-2022 супорида мешавад.
Рӯзи 20 октябр дар Пекин маросими истиқбол баргузор мешавад ва алангаи оташ аввал дар бурҷи олимпии Пекин пеш аз сафар ба мардум намоиш дода мешавад.
Бозиҳои зимистонаи олимпӣ аз 4 то 20 феврали соли 2022 дар шаҳри Пекини Чин бо иштироки тақрибан 2900 варзишгар аз 85 кумитаи миллии олимпӣ баргузор мешавад. Пекин ягона шаҳре хоҳад буд, ки мизбони ҳам Бозиҳои тобистона, ҳам Бозиҳои зимистона мешавад.