Тақдими китоби “Тоҷикон” дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд идома дорад

Шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби «Тоҷикон» аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ноҳияи Деваштич тақдим гардид.

Ин иқдом дар асоси супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик пеш гирифта шуда, бояд то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳар оилаи мамлакат тақдим гардад.

Бино ба маълумоти Хадамоти матбуотии вилояти Суғд, то имрӯз ин туҳфа ба сокинони шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент ва Истаравшан тақдим гарштааст. Боиси зикр аст, ки аҳолии ноҳияи Айнӣ 84 ҳазор нафар буда, дар умум 19200 адад хоҷагиро ташкил медиҳад. Ба шаҳри бостонии Панҷакент бошад, 56 ҳазор нусха китоби “Тоҷикон” ворид гардид.