Месси аз «Барселона» рафту “ПСЖ” дар фикри ӯст

Бошгоҳи «Барселона» аз анҷоми шартнома бо Лео Месси хабар дода, гуфт, ки Месси бо вуҷуди мувофиқат дар бораи тамдиди қарордод дар даста нахоҳад монд.

Сомонаи “Варзиш” менависад, ки тарафҳо бинобар қоидаҳо ва маҳдудиятҳои иқтисодӣ наметавонанд созишномаи навро имзо кунанд. Қарордоди қаблии Месси бо “нилунориҳо” охири моҳи июни соли ҷорӣ анҷом ёфта буд. Аргентинӣ дар тӯли фаъолияташ шарафи каталониҳоро ҳимоя намуда, дар ин фурсату фосила ба гирифтани ҳамаи ҷоизаҳои футболӣ даст ёфтааст.

Ин манбаъ дар хабари дигар овардааст, ки давоми чанд соати охир ҳуҷумкунандаи аргентинӣ Лионел Месси бо бошгоҳи “ПСЖ” музокирот анҷом дод. Тибқи иттилоъи манбаъ роҳбарияти бошгоҳи шаҳри Париж барои бастани қарордод бо Мессӣ ҷиддӣ фикр доранд ва омода ҳастанд, ки ӯро ба ҳайати даста шомил кунанд.

Имрӯз бошад, Президенти “Барселона” Жоан Лапорта доир ба рафтани Месси нишасти матбуотӣ баргузор мекунад. Дар ин нишасти матбуотӣ Лапорта сабабҳои аслии рафтани Лео аз дастаро шарҳ хоҳад дод.

Мавриди зикр аст, ки Месси аз соли 2005 дар ҳайати бошгоҳи каталонӣ майдондорӣ мекунад. Қарордоди футболбоз бо дастаи “Барселона” то охири моҳи июн баста шуда буд. Мавсими гузашта ҳамлавари аргентинӣ дар ҳайати “нилунориҳо” 35- бозӣ гузаронида, ба задани 30-гол ва 9-ирсоли головар шарафёб гардидааст.