Соҳибкорони тоҷик дар Ӯзбекистон 24 млн доллар сармоягузорӣ хоҳанд кард

Дар вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон дар солҳои 2019-2020 14 лоиҳа бо сармоягузории тоҷикон амалӣ шудааст, ки маблағи умумии онҳо 10,1 миллион долларро ташкил медиҳад.

Соҳибкорони тоҷикистонии Сурхондарё давоми солҳои 2021-2022 боз чор лоиҳаи гуногун дар ҳаҷми 24 миллион доллар сармоягузорӣ хоҳанд кард. Ин омор ҳафтаи гузашта дар форуми соҳибкорони вилоятҳои Сурхондарё ва Хатлон ишора шуд ва гуфта шуд, ки ҳоло дар ин вилоят 25 корхона бо иштироки соҳибкорони тоҷик фаъолият мекунанд.

Соли гузашта гардиши савдои хориҷии Сурхондарё бо Ҷумҳурии Тоҷикистон 21,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 128 фоиз афзудааст. Содирот аз вилояти Сурхондарё ба маблағи 13 миллион доллар ва воридот ба маблағи 8,5 миллион доллар сурат гирифтааст.

“Тавре ки ҳокими Сурхондарё Тӯра Боболов иттилоъ дод, дар вилоят 5 маркази миллию фарҳангии тоҷикон мавҷуд аст. Дар 80 мактаби миёна насли наврас бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ-тоҷикӣ таълим мегиранд. Донишгоҳи давлатии Термиз ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисос барои мактабҳои тоҷикзабон оғоз кардааст”,-омадааст дар гузориши сомонаи мақомоти вилояти Хатлон.

Дар форуми тиҷоратии соҳибкорони ду минтақаи ҳамсоя, ҳамчунин ба имкониятҳои дигари сармоягузорӣ ва иқтидори содиротии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилоятҳои Сурхондарё ва Хатлон ишора гардида, созишномаҳои содиротӣ ва сармоягузорӣ ба имзо расиданд.