Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иброз дошт, ки ба карантини саросарӣ дар кишвар зарурат нест.
Ин нуктаи зимни нишасти матбуотии ин Вазорат баён шуд.
Ғафур Муҳсинзода гуфт, ки “Шахсоне, ки ба бемории коронавирус дучор шудаанд, зарур аст, ки ба карантини фардӣ ва оилавӣ фаро гирифта шаванд”.
Ин дар ҳолест, ки партави дубора хуруҷ намудани коронавирус пешниҳодҳо дар шабакҳои иҷтимоӣ аз ҷониби корбарон барои ҷорӣ кардани карантин садо медиҳад.