Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қароргоҳи ЮНЕСКО, Ҷумҳурии Беларус, Амороти Муттаҳидаи Араб, намоиши Тоҷикистон дар Осорхонаи Гимеи Париж дар ҳамкорӣ бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Форуми зиёиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон корҳои омодагиро дар сатҳи зарурӣ анҷом дода истодааст.
Ин нуктаро имрӯз Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.
Мавсуф иброз намуд, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои идона дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ», Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» доир шуда, дар пойтахти мамлакат роҳпаймоии идона баргузор мегардад. Инчунин дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат бахшида ба ин ҷашни миллӣ барномаҳои идона доир мешаванд. Дар бештари ноҳияҳо аллакай барномаҳои фарҳангӣ оғоз гардидаанд.
Зулфия Давлатзода иброз намуд, ки дар доираи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025» Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2021» ҷараён дорад. Даври ниҳоии фестивал-озмун моҳи август дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев баргузор карда мешавад.
Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 7088 муассисаи фарҳангӣ (ба истиснои театрҳои касбӣ, муассисаҳои консертӣ, мамнуъгоҳҳо, мактабҳои мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва муассисаҳои табъу нашр) ба қайд гирифта шудаанд. Инчунин 786 муассисаи клубӣ бо шумори 3089 корманд ва 7 филармонияи халқӣ фаъолият мекунанд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки аз ҷониби олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар ҳамкорӣ бо Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО маҷмӯи ҳуҷҷатҳои номинаҳои «Рубоб» (ҳамроҳ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон), «Ҷашни Сада» (ҳамроҳ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон), «Кашидадӯзӣ» (ҳамроҳ бо ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон), «Латифаҳои Насриддин Афандӣ» (ҳамроҳ бо Туркия, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) омода гашта, ба ЮНЕСКО фиристода шуданд.