Саноатикунонии босуръат аз аҳдофи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Табиист, ки соҳаи пахтакорӣ дар таъмини соҳаи саноат бо ашёи хом нақши бориз дорад ва ҳамзамон барои бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони деҳот ва ба ин васила тақвияти иқтисодиёти мамлакат мусоидат мекунад. Ин аст, ки дар натиҷаи тадбирандешии Ҳукумати мамлакат ва заҳмати пахтакорон тайи чанд соли охир майдони кишт васеъ ва истеҳсоли пахта афзуда истодааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, имсол дар кишвар 186 ҳазору 439 гектар пахта кишт шудааст, ки айни замон хуб нашъунамо дорад.
Ба гуфтаи мутахассисони соҳа риоя нагардидани агротехникаи парвариши пахта, нарасидани нуриҳои минералию органикӣ, махсусан нуриҳои фосфорӣ ва калий, таъмин набудан бо заҳрхимикатҳою тухмиҳои хушсифат, ғайриқаноатбахш будани ҳолати мелиоративии заминҳо ба парвариши ин зироати техникӣ бетаъсир намемонад.
Тура Яҳёев, номзади илмҳои кишоварзӣ мегӯяд, ки пахтакор ҳамон вақт ҳосили баланд ба даст меорад, агар коркарди он саривақту тибқи меъёри агротехникӣ суръат бигирад.
Ҳамсуҳбати дигари мо доктори илмҳои кишоварзӣ Саидзода Саидҷамол боварӣ дорад, ки пахта зироати сердаромад аст ва нисбат ба зироатҳои дигар аз он фоидаи бештар ба даст меояд, агар потенсиали пахта ба пуррагӣ истифода шавад.
Воқеан ҳам пахтакорӣ соҳаи муфиди кишоварзист. Бино ба назари номзади илмҳои кишоварзӣ Тура Яҳёев ин зиркати техникӣ-пахта дар муодили парвариш надорад. Чун имрӯзҳо гармои ҳаво ба ҳадди ниҳоии худ расидааст, бояд кишоварз парвариши агротехникаи пахтаро риоя кунад
Албатта маҳсули заҳмати кишоварз дар баробари дуруст ба роҳ мондани корҳои агротехникӣ ба сифати тухмиҳо низ вобастагӣ дорад. Коршинос Саидҷамол Саидзода мегӯяд, ки навъҳои маҳаллӣ дар ҳолати дуруст ба роҳ мондани парвариши агротехникӣ имкони то 100 сентнер пахта рӯёнидан дорад.
Тура Яҳёев, номзади илмҳои кишоварзӣ боварӣ дорад, ки агар тухмӣ босифат бошаду ғизо кофӣ ва обёрӣ мувофиқи мақсад ҳатман кишоварз дурри мақсуд ба даст меорад.
Паст будани ҳосили пасти пахтаро доктори илмҳои кишоварзӣ Саидҷамол Саидзода ба фаъолияти пахтакорон рабт медиҳад. Ӯ мегӯяд, ки таърихи пахтакории кишвар саҳфаи заррин дорад. Солҳои 80-ум ҳосилнокии пахта дар сарзамини мо ба ҳадди рекордӣ расида буд, имрӯзҳо на ҳамаи пахтакорон ба агротехникаи парвариш диққат медиҳанд.
Соҳаи пахтакорӣ барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми ҳукумати кишвар-саноатикунонии босуръат нақши муҳим дорад, зеро рушди он барои таъмини соҳаи саноат бо ашёи хом, бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони деҳот ва ба ин васила тақвияти иқтисодиёти мамлакат мусоидат мекунад. Чун кишвари мо кӯҳсор асту имкони бемайлон васеъ намудани майдони кишти пахтаро надорад, беҳтар он аст, ки ҳосилнокиро тавассути риояи корҳои агротехникӣ ва кишти навъҳои минтақабоби пахта баланд бардорему ҳадафи чоруми ҳукумат-саноатикунонии кишварро тақвият бахшем ва ба ин васила сафои зиндагиро таъмин намоем.
Муродулло Раҳимов,
Радиои Тоҷикистон