Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни духтарони то 17-сола анҷом ёфт.
Дар даври ҷамъбастии Чемпионати CAFA-2021 футболбоздухтарони тоҷик аз тими Эрон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд, Ӯзбекистон бошад, бар тими Афғонистон бо ҳисоби 8:0 ғалаба кард.
«Ҳамин тариқ, дар натиҷаи се даври бозиҳо тими Ӯзбекистон бо 7 хол ғолиби чемпионат шуд. Медалҳои нуқра насиби дастаи Эрон (6 хол) гардид. Мунтахаби футболи духтарони Тоҷикистон бо 4 хол ба гирифтани ҷои сеюм мушарраф шуд»,-омадааст дар хабари Кумитаи олимпӣ.
Дар маросими ҷоизасупорӣ ҷоизаи «Fair play» ба тими Тоҷикистон тақдим шуд. Лайло Рустуллоева (Ӯзбекистон) бо 6 гол беҳтарин нишонзан эълон гардид. Ҷоизаи беҳтарин бозингар насиби Зулфӣ Муҳаддаса (Эрон) шуд.