Прократураи генералӣ хабар медиҳад, ки як занро барои қатли барқасдонаи хушдоманаш 9 сол зиндонӣ шуд.
Ба иттилои манбаъ, Топарова Насиба Худойбердиевна, санаи таваллудаш 27 ноябри соли 1986, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҷамоати деҳоти Истиқлол, деҳаи Суғдиён, санаи 22 ноябри соли 2020 тахминан соати 1200 дақиқа дар манзили истиқоматиаш, бо мақсади омода намудани хӯроки нисфирӯзй ба ошхонаашон даромада, дар ошхона маҳсулоти маводи хӯрока дарёфт накардааст. Сипас ӯ барои гирифтани маҳсулоти хурока ба амборхонаи хушдоманаш Топарова Ашурбиби Амоновна меравад. Ҳангоми ба онҷо расидан байни Топарова Н.Х. ва Топарова А.А. оиди надодани маҳсулотҳои маводи хӯрока муноқиша ба миён меояд. Топарова Н.Х. аз ин ҳаракатҳои Топарова А.А. асабонӣ шуда, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани Топарова А.А. аз қисмати пушти номбурда гузашта, бо дасти чапаш аз шикам ва бо дасти росташ аз даҳони ӯ дошта, қасдан роҳи нафаскашӣ, яъне мавзеъи бини ва даҳонашро муддати 3-4 дақиқа махкам кардааст, ки дар натиҷа шаҳрванд Топарова А.А. аз норасогии ҳаво дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Прокуратураи ноҳияи Шаҳринав, нисбати Топарова Н.Х. бо моддаи 104 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъди анҷом ёфтани тафтишоти пешакй ба суд ирсол намудааст.
Бо ҳукми суди ноҳияи Шаҳринав, Топарова Н.Х. бо моддаи 104 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 9 сол бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорой низомаш умумй таъин карда шудааст.