Дирӯз, 31 май, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Назирмад Ализода бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Руслан Казакбоев мулоқот намуд.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода менависад, ки дар ҷараёни вохӯрӣ табодули афкор атрофи вазъи муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт.
Ҳамсуҳбатон масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ва таъмини сулҳу субот дар минтақаҳои наздисарҳадиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Назирмад Ализода зикр намуд, ки Тоҷикистон азм дорад, бо дарназардошти манфиатҳои миллии худ ва бо ҷустуҷӯи қарорҳои ба ҳарду ҷониб муносиб раванди музокирот оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатиро пайгирона идома диҳад