Субҳи 31-уми май ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳоӣ дохилӣ, генерал- полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намуданд.
Дар ибора сомонаи ВКД хабар дода менависад, ки дар рафти сафари корӣ вохӯрӣ бо роҳбарони воломақоми Ҷумҳурии Исломии Эрон вобаста ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти амният, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар масъалаҳои корӣ, дар назар дошта шудааст.
Ҳамчунин дар ҷараёни сафари корӣ қарор аст, як қатор санадҳои дахлдор ба имзо расонида шаванд.