Имрӯз дар шаҳри Исломобод, пойтахти Ҷумҳурии Исломии Покистон конфронси дуввуми умумии Ассамблеяи Парлумонии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ба кори худ шурӯъ кард.
Ин чорабинӣ таҳти унвони “Мусоидат ба шарикии парлумонӣ барои ҳамгироии минтақавӣ” баргузор шуда, раисони парлумонҳо ва ҳайатҳои намояндагии қонунгузории узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ЭКО) гирди ҳам меоварад.
Тибқи иттилои радиои “ Овози тоҷик” ба нақл аз Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳамоиш Тоҷикистонро Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо роҳбарии як ҳайати парлумонии кишвар намояндагӣ доранд.
Ҳайатҳои парлумонии кишварҳои узви ЭКО дар ин нишасти 2-рӯза оид ба нақши занон дар пешрафти барномаи коммуникатсионии минтақавӣ, таъсири тағирёбии иқлим ба занон ва амалҳои мусбати парлумонҳои минтақавӣ, таъсири пандемияи Covid-19 дар ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор дар минтақа, мусоидат ба тиҷорати транзитӣ, рушди иқтидор ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои рушди тиҷорат ва рушди туризм дар ЭКО суханронӣ хоҳанд намуд.
Манбаъ: vot.tj