Кирмакпарварӣ яке аз соҳаҳои қадимтарини кишоварзӣ ба хисоб рафта, таърихи беш аз 5000 сола дорад. Ин соҳа ҳамчун соҳаи сердаромаду афзалиятноки иқтисодӣ ҷиҳати бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатии мамлакат, рушди саноати сабук, истеҳсоли матоъҳои аз ҷиҳати экологӣ ба саломатӣ безарар, таъмини ҳазорон нафар бо ҷойи кор нақши муассир дорад. Мутаассифона, солҳои охир соҳаи мазкур дар кишвар бо сабабҳои гуногун дар ҳолати буҳронӣ қарор дошта, истеҳсоли ин ашёи хоми пурқимати табиӣ дар қиёс ба солҳои пеш хеле коҳиш ёфтааст. Биноба нигориши сомонаи «Ҷумҳурият» солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳаҷми истеҳсоли пила зиёд буд. Хабарнигори сомона менависад, ки соли 1991 дар ҷумҳурӣ 4 ҳазору 528,6 тонна пилла истеҳсол шуда буд. Ин рақам соли 2020 ҳамагӣ 387,2 тоннаро ташкил дод.
Собиқадори соҳа Гурез Нарзуллоев аз шаҳри Ҳисор сабаби танназули соҳаро дар бетаваҷҷуҳии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ мебинад. Ин ҳамсўҳбати мо мегўяд, ки қаблан мардум ҳавасманд буданд, худашон талабгори он буданд, ки пила парвариш кунанд, имрўз бошад, ба соҳа таваҷҷуҳ ба чашм намерасад, тирамоҳу тобистон навдаҳои тутро худсарона мебуранд, касе ба ин аҳамият намедиҳад, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ аҳамият намедиҳад.
Воқеан ҳам сабаби аслии рў ба таназзул овардани соҳа бо вуҷуди амалӣ гаштани Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин беаҳамиятии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷудо нагардидани замин барои бунёди тутзорҳо, сол то сол кам гардидани шумораи ниҳолу дарахтони тут дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, беназоратӣ ва худсарона буридани тутзор ва аз байн рафтани майдони тутзор мебошад.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки истифодаи ѓайримақсадноки тутзор ва дарахтони тут аз мушкилоти аслии соҳаи кирмакпарварӣ ба шумор меравад. Баробари таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ имрўзҳо тутзорҳо дар тавозуни хоҷагиҳои деҳқонӣ қарор дошта, ба нигоҳубини онҳо аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намешавад. Тутзорро танҳо бо мақсади гирифтани ҳезум истифода мебаранд, ки оқибат ба нобудшавии онҳо оварда мерасонад. Сабаби дигари кам шудани истеҳсоли пилла дар ҷумҳурӣ, ин нақшабандӣ нагардидани хоҷагиҳои деҳқонӣ ва мусоидат накардани мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳангоми тақсимоти кирмак ва парвариши он мебошад.
Ҳақ ҷониби ҳамсуҳбати мо-собиқадори соҳаи кирмакпарварӣ бобои Гурез Нарзуллоев ҳаст, ки соҳаро соҳаи сердаромади иқтисодӣ унвон намуда зимни суҳбат борҳо иброз дошт, ки даҳсолаҳо қабл аз ин ҳазорон нафар аз ҳисоби соҳаи кирмакпарварӣ бо ҷойи кор ва музди хуб таъмин буданд. Муҳимтар аз ин, либосҳои аз матои абрешимӣ дўхташуда, ки аз лиҳози экологӣ ба саломатии инсон безиён ва аз ҷиҳати сифат аз бисёр матоъҳо, ҳатто пахтагин, афзалият доранд, ба буҷети давлат манфиатовар буданд.
Биноба иттилои донишномаи Википедия 60 дарсади истеҳсоли ҷаҳонии пилла ва маҳсулоти аз он омодашуда ба Чину Ҳиндустон рост меояд ва рушди соҳаи кирмакпарварӣ аз муҳимтарин сарчашмаҳои воридшавии асъори хориҷӣ дар ин кишварҳо арзёбӣ мегардад. Айни замон соҳаи кирмакпарварӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои Ўзбекистон, Бразилия, Эрон, Таиланд ва Ветнам рў ба рушд буда, ниёз ба ин ашёи хоми саноатӣ ва маҳсулоти тайёри он дар бозори саноат сол ба сол зиёд мегардад.
Кишвари мо барои рушди ин соҳа шароити мусоид дорад, имрўз замоне фаро расида, ки бо афзун намудани заминаи хўроки кирмаку тақсимоти саривақтии тухмии он ва зиёд намудани парваришгоҳҳои махсуси кирмакпарварӣ рушд бахшем ва ба ин васила корхонаҳои саноатии мамлакатро бо ашёи хом таъмину барои ҳазорон нафар ҷойи нави корӣ муҳайё созем.
Муродулло Раҳимов
Радиои “Тоҷикистон”