Нимаи дуюми рӯзи 12 ноябр Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко барои иштирок дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон омад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар назар аст, ки Валентина Матвиенко дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи 59-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намояд.
Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе чорабиниҳои сессияи тирамоҳии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз мегарданд. Дар кори он иштироки ҳайатҳои парламентии Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон дар назар аст.
Дар ҷаласа иштирокчиён маълумотро оид ба қарорҳои Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 10 октябри соли 2025 ва Шурои сарони ҳукуматҳои давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 29 сентябри соли 2025 шунида, якчанд масъаларо баррасӣ мекунанд. Аз ҷумла, раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025, фаъолияти Комиссияи ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, супоридани ҷоизаи ба номи Чингиз Айтматов ва дигар масъалаҳои рӯзнома мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчунин нақшаи кори Ассамблеяро барои соли 2026 ва натиҷаҳои чорабиниҳои соли равон баргузоршударо баррасӣ менамоянд.
