Мулоқоти Вазири мудофиаи Тоҷикистон бо раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои қувваҳои мусаллаҳи Покистон

12 ноябр сафари расмии вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — полковник Эмомалӣ Собирзода ба Ҷумҳурии Исломии Покистон оғоз шудааст.

Тавре сомонаи расмии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, маросими истиқболи расмии вазири мудофиаи кишвар дар шаҳри Исломобод бо сафороии қаравули фахрӣ оғоз гардида бо садо додани сурудҳои миллии Тоҷикистону Покистон ва шиносоии ҳайатҳои ду ҷониб анҷом ёфта.

Дар идома мулоқоти дуҷонибаи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — полковник Собирзода Эмомалӣ бо раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Саҳир Шамшод Мирзо сурат гирифт.

Ҷонибҳо дар оғози суҳбат аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф бо хушнудӣ ёдовар шуда, рушди ҳамкориҳои минбаъдаро дар асоси ин сиёсат нек арзёбӣ намуданд.

Баргузории машқҳои муштарак дар ҳарду кишвар, табодули таҷрибаи якдигар ва ба омӯзиш фаро гирифтани хизматчиёни низомӣ аз мавзӯъҳои дигари суҳбат буд.

Мулоқот дар фазои дӯстону ҳамдигарфаҳмӣ идома ёфт.