Имрӯз дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев маросими пуршукӯҳи рӯнамоии китоби «Чеҳраи миллат» баргузор гардид.
Нашри ин китоб ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии муассисаҳои фарҳангиву нашриётӣ омода ва интишор ёфтааст.
Маҷмӯаи «Чеҳраи миллат» аз чор ҷилд иборат буда, дар он осори беҳтарини чор шоири халқии Тоҷикистон — Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло ва Давлат Сафар гирдоварӣ гардидааст.
Зимни маросими рӯнамоӣ, ки бо ҳузури намояндагони мақомоти давлатӣ, аҳли адаб ва фарҳанг, олимон, донишҷӯён ва дӯстдорони каломи бадеъ баргузор шуд, таъкид гардид, ки китоби «Чеҳраи миллат» таҷассумгари рӯҳи созанда, меҳанпарастӣ ва худогоҳии миллии халқи тоҷик мебошад.
Ин маҷмӯа симои зебои инсониятпарваронаи шоирони маъруфи кишварро инъикос намуда, саҳми муҳиме дар ҳифз ва рушди адабиёти муосири тоҷик мегузорад.
Тавре ҳамкорамон Муҷиддини Сайфиддин аз ҷараёни баргузории ин маҳфил иттилоъ дод, иштирокчиён дар суханрониҳои худ таъкид карданд, ки эҷодиёти ин шоирон на танҳо арзишҳои маънавӣ ва миллиро бозтоб медиҳад, балки насли ҷавонро ба дӯст доштани Ватан, забон ва фарҳанги миллӣ ҳидоят менамояд.
МУҶИДДИНИ САЙФИДДИН,
радиои «Тоҷикистон»
