Ҷаласаи доимии комиссияи Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои ИДМ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва ҳамкории байналмилалӣ доир шуд

Имрӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ҷаласаи доимии комиссияи Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва ҳамкории байналимилалӣ доир гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа ҳайатҳои парламентии Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон иштирок намуданд.

Дар нишаст ҳайати комиссия лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ «Дар бораи шартномаҳои ба истифода додани амвол», «Дар бораи иҷрои кор ва хизматрасонӣ», «Дар бораи шартномаи нигаҳдорӣ», «Дар бораи шартномаҳои миёнаравӣ», «Дар бораи танзими ҳуқуқии мубориза бар зидди зӯроварӣ дар оила»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Вакилон ҳамчунин консепсияи лоиҳаи қонуни намунавӣ «Дар бораи платформаҳои рақамӣ ва истифодаи онҳо аз ҷониби иштирокчиён дар муомилоти шаҳрвандӣ»-ро муҳокима менамоянд.