Мониторинги ҳавои атмосферӣ осонтар хоҳад шуд. Кумитаи ҳифзи муҳити зист ду авто-озмоишгоҳи сайёр дастрас намуд

Бо мақсади мукаммалсозии низоми мониторинги ҳавои атмосферӣ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби маблағҳои грантии лоиҳаи минтақавии «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал» (CAMP4ASB) ду авто-озмоишгоҳи сайёр барои мониторинги ҳавои атмосферӣ ворид  намуд.

Сомонаи расмии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора хабар медиҳад.

Таъкид шудааст, ки озмоишгоҳҳои сайёр барои дастрас намудани маълумоти фаврӣ ва дақиқ оид ба вазъи олудагии ҳавои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд. Таҷҳизоти дар озмоишгоҳи сайёр насбгардида истеҳсоли давлатҳои Аврупо ва Россия мебошанд.

Ҳамзамон дар доираи қисмати минтақавии лоиҳа 7 стансияи худкори (автоматикӣ) метеорологӣ ва инчунин 15 компютер ва лавозимоти дигари техникӣ барои Агентии обуҳавошиносии Кумита ворид ва насб карда шудаанд.

Дар доираи лоиҳаи мазкур ворид намудани 16 стансияи худкор оид ба мониторинги муҳити зист ва таҷҳизот ҷиҳати ташкили майдончаи таълимии метеорологӣ барои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.